Вохӯрӣ дар деҳаи Гулистон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои КИН ҲХДТ бахшида ба 24-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 феврал дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Деҳмой вохӯрӣ доир гардид.  Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Очилов Рустам, мудири шуъбаи кор бо занони Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Фирӯзахон Маъруфзода, аъзои Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар вилоят Бобоҷонова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо занони МИМҲД-и ноҳия Каримова Марҳамат Набиевна, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо, фаъолони ҳизб, фаъолони деҳаи Гулистон, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ ва аъзои оилаҳои онҳо иштирок намуданд. Вохӯриро раиси КИН ҲХДТ Очилов Рустам Одилович кушода, ҳозиринро бо 24-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, чунин гуфт: Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҷавонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд.   Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегуем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Артиши миллӣ аз рӯзи таъсисёбиаш барои пойдории давлати соҳибистиқлол, баҳри истиқрори сулҳу суботи кишвар, ҳифзи амният ва якпорчагии Тоҷикистон омода буд. Таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи навини давлатдории тоҷикон пайвандӣ дошта, дастовардҳо ва комёбиҳои мардумро бе ин сохтор тасаввур кардан ғайри имкон аст. Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳ, қушунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтори воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ дар муддати хеле кӯтоҳ ҷараён гирифт. Сарбозону афсарони мамлакат дар давоми 24 сол дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои беназир намудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои авввали истиқлолияти давлатӣ сарфи назар аз вазъи мураккаби ҳарбию сиёсӣ ба таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қабили Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи президентӣ таъсис ёфтанд. Ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд. Сарфи назар аз ҳама мушкилоту мамониатҳо дар мамлакат ташкили сохторе, ки барои муҳофизати давлати навбунёди тоҷикон аҳамияти воқеан тарихӣ дошт, яъне таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсию ҳуқуқии сохтори ҳарбии мамлакат муваффақ  гардид.  Таҷрибаи ҳар давлате, ки бо роҳи мустақилона пеш меравад, нишон медиҳад, ки ҳама гуна истиқлолият ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст. Мо инро аз қадамҳои аввал, замоне, ки бадхоҳони миллат борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро намуда, ба истиқлолияти он дастдарозӣ мекарданд, пурра эҳсос намудем. Бешак, барои ҳифзи сарҳад, нигоҳ доштани ягонагии марзу буми мамлакат, таъмини амнияти давлатӣ пуштибонии қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи муқаддасоти миллӣ артиши тавоно, варзида ва дорои интизоми қавӣ лозим аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ба онҳо Артиши миллӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ шомиланд такомул ва обутоб ёфта, ҳоло чун нерӯи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил, амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин мекунанд. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад. Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҳисси Ватандӯстии ҷавонони ноҳия боло рафта истодааст ва сафи ихтиёриён ба хизмати Модар — Ватан меафзояд.    Аъзои Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар вилоят Бобоҷонова Сабоҳат ҳозиринро бо 24-солагии Артиши миллӣ табрик намуда, оиди солҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ суханронӣ намуда, аз ҷонбозиҳои ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба ҷавонон мисолҳо овард. Дар охир ба ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ Акрамов Ибодулло, Дӯсматов Ҷуманазар ва Ҷӯраев Саитмурод туҳфаҳои хотиравии КИН ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>