Ватанфурӯшони назҳатӣ

ГУЛИСТОН. Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон байни занони фаъоли ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода пас аз тамошои филм ба ҳозирин  мақсад ва моҳияти филми мазкурро  фаҳмонида дода, фикру андешаҳои худро оид ба аъмоли  ватанфурӯшони назҳатӣ иброз намуданд. Ӯ чунин қайд намуд, ки ҲНИ барои ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон ҳоло ҳам, фаъолият бурда истодаанд. Мо ҳизбиён бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро ба роҳи рост тарбия намоем.  Фаъолони ҳизб, низ фикру ақида ва таассуроти худро нисбати филм баён карданд. Онҳо ба чунин шахсоне, ки нисбат ба халқ,  Ватан, диёр хунукназарона муносибат карданд, нафрат хонданд. Қайд карданд, ки ин хиёнатҳои гуруҳҳои террористонро фаромӯш нахоҳанд кард. Намегузоранд, ки душманон дубора ба Тоҷикистони азиз зарар расонанд. Дар охир Раиси кумиҷроия ба кулли иштирокчиён таъкид кард, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиро  пурзӯр намоянд.   Филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” дар машварати августии омӯзгорон, Ташкилотҳои ибтидоии “Маркази тарбиявӣ”, “Шабакаи барқии Суғд”, “Бахши фарҳанг” низ ба намоиш гузошта шуда, дар дигар Ташкилотҳои ибтидоӣ низ намоиши филми мустанад давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>