Машварати августии омӯзгорон

КОНИБОДОМ. Рузи гузашта дар шаҳри Конибодом машварати августии кормандони маориф оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом баргузор гардид.  Нахуст сардори раёсати маориф Бурҳониддин Ҷабборӣ пешравиҳои маорифро дар даврони соҳибистиқлоли ба риштаи таҳлил кашид. Сипас мушовири раёсати маориф  М. Олимова, омӯзгори мактаби № 29 Муҳаррама Толибова, мураббияи кӯдакистони № 7 Фирӯза Обидова ҳозиринро бо таҷрибаи худ ошно намуданд. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ва намояндаи Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокиров  бо оғози соли нави таҳсил муборакбодӣ намуда, аз масъулияти баланди омӯзгор сухан карда, қадршиноси намуданд. Ба гурӯҳи омӯзгорони пешқадами муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом низ тӯҳфаҳои хотирмон ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>