Ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ ба вилояти Суғд омаданд

СУҒД. 29 август иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ таҳти унвони “Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир” тавассути шоҳроҳи Душнбе  – Чаноқ ба вилояти Суғд омаданд. Меҳмононро ҷавонону сокинони меҳмоннавози ноҳияи Айнӣ ва шаҳрҳои Истаравшану Гулистон бо нону намак ва навои тоҷикона пешвоз гирифтанд. Дар доираи Фестивал имрӯз бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни аъзои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир” баргузор мегардад. Тибқи нақша инчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, Осоишгоҳи “Баҳористон”, Қасри Арбоб, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Истиқлол”, Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи “Оши палов” ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ боздид намуда, дар Фестивали байналмилалии “Овози дӯстӣ” иштирок намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур 100 нафар ҷавонон аз давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ иштирок менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>