Кабирӣ чун рӯбоҳи ҳиллагар!

7a2faf6682afe4e140f7674dbb5q--suveniry-i-podarki-imennoj-nabor-kozhanyj-ezhednevnik-i-ruchk

АНДЕША. Биёед воқеъбинона ва бо чашми дил назар намоем,  ки имрӯзҳо  дар ҷаҳон чӣ гуна нооромӣ, ҷангу низоъ ва нофаҳмиҳои сиёсиву мазҳабӣ рафта истодааст. Алалхусус як назар афканем ба вазъи кишвари худамон-Тоҷикистони азиз, ки фазояш озоду обод аст. Шукургузор бошем, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои тинҷу ободи Ватан умр ба сар мебарем.   Ҳар шахси солимфикр, ки воқеан Ватану миллати худро дӯст медорад ва ба мардуми худу оби хоки Ватан муҳаббат дорад, ба ҳама буду набуд ва гузаштаю имрӯзи он бояд шукргузор бошад.Мутассифона дар ҳар кишвар иддае аз фарзанони нохалаф ва хиёнаткор ҳастанд, ки бо супориш ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд бар зидди сӯлҳу суҳоти кишвар ва оромиву якдилӣ садо баланд кунанд. Метавон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ – ро, ки аз оғози фаъолияташ ҳамеша пайи хиёнат ба давлат ва миллати худ мубориза мебарад. Аммо бехабар аз он, ки тоҷикон рӯҳи шикастнопазир доранд ва барои ваҳдату оромии кишвари худ ҷони худро дареғ намедоранд. Маҳз сабабгори ҷанги шаҳрванди нақшаҳои тахрибкоронаву хиёнаткоронаи гумроҳони наҳзатӣ буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон амалҳои разилонаи хоинони миллати тоҷик ошкору ҳизбашон террористӣ эълон гардид, роҳбари он гӯруҳ рӯ ба гурез зада дар ҳар гушае ҷавонони тоҷикро ба гумроҳи бурда гӯруҳҳои ифротии худро таъсис дода истодаанд. М.Кабирӣ дар кишварҳои пешрафта ҳаргуна ҷамъомаду конфронсҳо ташкил намуда бо ҳар баҳона мехоҳад нафрате, ки нисбат ба давлату миллати худ дар дил дорад берун кунад.Кабирӣ дар суханрониаш аз Ҳукумати кишвар норозигӣ баён намуда, худро ҳақ мешуморад. Аммо суханонаш саропо нафрату бадбинист, ки аз ғайбати занҳо гузарост. Ман ҳамчун як шахси ватандӯст ва аъзои ҳизби ҲХДТ мегӯям, ки дигар миллати тоҷик ба шумо бовар надорад. Бо суханҳои пучу дӯруғ ва беасос сари мардумро тоб дода наметавонед.Воқеан агар ҳадафи шумо ислом мебуд ва барои ризои Худо кор мекардед, имрӯз дар кишвари бегона паноҳ намебурдед. Аммо маълум ва равшан аст, ки мақсади шумо тамоман дигар буд, барои манфиати худ ва расидан ба сиёсат аз номи дини мубини ислом истифода намуда, ба боварии мардум даромадед. Вале, чунон мегӯянд «Бори каҷ ба манзил намерасад».   Кабирӣ бо ҳар гуна фиребу найрангаш маккорона чун рӯбоҳи ҳиллагар орзӯи шоҳ шуданро дошт. Маълум аст, ки шоҳон танҳо шерони одил мебошанд, на рӯбоҳи ҳиллагар. Оре! Хоинон ҳаҷ гоҳ дар ҳаҷ давру замон ба  мақсад намерасанду ва нахоҳанд расид. Мо ҳама бо боварӣ гуфта метавонем, ки аз он анҷуманҳо ва нишастҳои ифротӣ чизе тағйир намеёбад. Шарм доред, ки мардумро бар зидди давлати худ мешӯронед ва фитна меангезед.Имрӯз на танҳо мардуми кишвари мо балки ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҲНИ – ро ҳамчун гӯруҳи террористӣ ва экстремистӣ мешиносанд. Дигар касе фирефтаи суханҳои пучи бемании онҳо нахоҳад шуд.Танҳо дар кишвари бегона афроди камсавод ва зудбоварро дар гирду атрофи худ ҷамъ намуда онҳоро ба давлату миллати худ душман мегардонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи нопоки онҳо бар зидди арзишҳои миллӣ ва шахсиятҳои пешсаф буда мехоҳанд бо корҳои разилонаашон ба ҷомеа таъсири  манфии хешро расонанд.Халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд, ки онро низ роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкил карда буданд. Онҳо мардумро бехонаву сарпаноҳ монда пароканда намуда буданд. Ин хоинони ватанфӯруш бо нақшаи разилонаашон мардуми осоиштаи тоҷикро ба чи рӯзҳои хунин гирифтор намуданд. Бо ин ҳама корҳо ором нагирифта ҳанӯз ҳам аз паи хушунату ҷоҳилӣ равона гардида ба Ватан ва миллати худ зарбаи навбатӣ зада, мехоҳанд ин миллатро ба нестӣ баранд.

Сипеҳр Қамарзода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>