Осоиштагии кишвар- гарави саодати мардум

SKU223644(1)

АНДЕША. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳиб маърифату тамаддунсозаш таҳти роҳбарии сарвари оқилу хирадманди худ ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки момаҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро таҳким бахшем. Халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сарнамуда, аз ҳолатҳои вазнин сарбаландона баромад, хатари нестшавии давлату парокандашавии миллат бартараф карда шуд ва пешрафти давлату ҷомеа насибаш гардид. Мо, омӯзгорон шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар мекунем ва ба хотири фардои неку ободи ватанамон аз дилуҷон дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти худ мекӯшем. Дар баробари таълиму тарбияи насли наврас мо ба ҳодисаҳои атроф бетараф нестем. Авзои муташанниҷи ҷаҳони имрӯз моро низ ба ташвиш овардааст. Ҳаракатҳои ифротгароёна ва амалҳои террористию экстремистӣ, ки аз ҷониби қувваҳои бадхоҳи аҳриманӣ, пеш аз ҳама ҳизби наҳзати исломӣ, боистифодаи воситаҳои гуногуни хабарӣ роҳандозӣ ва лофзанӣ менамоянд, моро бори дигар ба ҳушёрию зиракӣ даъват мекунанд. Мо, аҳли омӯзгорон, дар навбати худ чунин иқдомҳои ноҷавонмардонаи онҳоро қатъиян маҳкум намуда, кӯшиш менамоем, ки насли воқеан ҳам худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар ва содиқ ба арзишҳои миллию давлатиамонро тарбия намоем. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебогардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии калон дорад. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза, ки оташи ҷангу хунрезиҳо ва низоҳои мазҳабӣ бапойдории сулҳ таҳдид менамоянд, муттаҳиду сарҷамъбудан дар атрофии ҳукумати худ, тарбияи насли сазовору ояндасоз ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо ҳиссаи мо дар пешравии Ватани азизи худ мебошад. Мо барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо кӯшиш хоҳем кард. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамагонро бо оғози соли нави таҳсил ва бо иди миллии дар пешистода-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ва сидқидилона муборак бод намуда, бароятон қабл аз ҳаматан сиҳативу умри бардавом, хонаободиву рӯзгори хуш ва дар фаъолияти омӯзгориатон бурдбориҳоро таманно дорам. Бошад, ки  соли нави таҳсил барои ҳар яки Шумо соли бобарор ва дастовардҳои беназир гардад.

                                               М.Олимова

мушовири  раёсати маориф,аъзои ҲХДТ,

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>