Ҳушёр бояд бошем

Бозгашт

АНДЕША. Вақте навори «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро тамошо кардем, бори дигар фаҳмидем, ки воқеаҳои хунини солҳои 90-ум, ки дар Тоҷикистон рух дод, маҳз бо дасти ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки бо ташаббуси охундҳои шиамазҳаби Эрон ташкил ва маблағгузорӣ карда мешуд, ба вуқӯъ пайвастааст. Мақсад аз куштани чандин олимони барҷаста, табибони ҳозиқ, абармардони тоҷик ин теша задан ба решаи ин миллати бофарҳанг буд, ки дорои таърихи бою ғанӣ аст. Сатторов Аёмиддин, ки дар навор аз кирдорҳои разилонаи ҲНИ сухан меорад ва таблиғгари асосии ин ҳизб буд, аз кирдорҳои кардаи худ сахт пушаймон буданашро изҳор кард. Ба гуноҳ иқрор гаштану аз он пушаймон шудан низ намунаи мардонагист. Хеле мутаасирем, ки бо нақшаҳои ояндаи худ ҲНИ бо сардории Кабирӣ боз мехоҳанд осмони софи Тоҷикистонро ғуборолуд гардонанд. Аз ин сабаб ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷавононоро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки аз душмани миллат эҳтиёт бояд шуд, зеро метавонад ҳар лаҳза зиёни худро расонад. Бояд ин наворро дар байни ҷавонон зиёдтар намоиш дод.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>