Роҳсозӣ мароми мост

20180830_132456

ҶАББОР РАСУЛОВ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки дар ҷумҳурӣ «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» қабул гардидааст,  ки  мувофиқи он бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи мазкур таҷдиду барқарорсозии роҳҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст. Дар ноҳия низ иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба сохтмон ва тармиму таъмири роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устуворона гузошта истодаанд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад. Санаи 30-юми августи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Комил мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Суворови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оғоз ёфт. Дарозии роҳи мумфаршшаванда  чорсад метрро ташкил дода, он бо маблағгузории шахсони саховатманди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. То имрӯз дар ноҳия 12 километр мумфарш ва 25 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>