Ситоди Обуна баргузор гардид

ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 30-юми августи соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситоди «Обуна – 2019» баргузор гардид. Дар ин ситод масъалаи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба нашрияҳои  «Минбари Халқ» ва «Сухани Халқ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ситоди мазкур раиси КИН ҲХДТ — Одилзода Рустам, аъзоёни ситод, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони муассисаҳо, фаъолони ҳизб иштирок намуданд. Раиси КИН ҲХДТ — Одилзода Рустам аз рафти маъракаи қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари Халқ» ва «Сухани Халқ» натиҷагирӣ намуда, зикр намуд, ки ҷараёни обунашавӣ дар айни замон қаноатбахш бошад, ҳам вале моро зарур аст, ки фаъолнокиро дар ин ҷода бештар намоем. Ба ҳайати ситод супориш дода шуд, ки ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки нисбати обуна ба нашрияи ҳизбӣ диққати зарурӣ намедиҳанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо оиди моҳияти аслии ин маъракаи муҳим дастури лозима диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>