Маҳфили ваҳдатсароён

КОНИБОДОМ. Вахдат ва якдилӣ омили муҳими осудагии давлат ба ҳисоб рафта, ҳар фарди худшиносро мебояд ифтихор аз ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар намояд. Ин навбат маҳфили ваҳдатсароён  бо намояндагони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагон: Мирпоччоева М –намояндаи  ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Дадохони Эгамзод- узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Абдуҳамид Ҷӯраев –нависанда, ҳаҷвнигор  Муаттара Ғаниева  — шоира, сарвари осорхонаи ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Конибодом сурат гирифт.  Дар маҳфил аҳли қалам ва зиёиёни шаҳр ширкат варзиданд.  Вохӯриро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Маҳмудов Б ҳусни оғоз бахшида , меҳмононро муаррифӣ ва хуш омадед гуфтанд. Сараввал намояндаи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирпоччоева М ба сухан баромада , аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ сухан карданд. Дадохони Эгамзод – аз солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ва парокандагии миллат сухан карда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат , президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба даст овардани сулҳу осудагӣ ва оромии кишвар ҳарф заданд. Нависанда  дӯстиву бародарии ду миллати ба ҳам наздик тоҷику ӯзбекро  қайд намуда, дар солҳои ҷанги бародаркуш кӯмак намудани як марди ӯзбек аз шаҳраки Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки фаромӯшношуданист, ёдоварӣ намуданд. Инчунин дигар намояндагон низ сухан карда, шукри соҳибистиқлолии Ватан намуданд.  Навқаламону эҷодкорон аз ашъори тозаэҷоди худ васфи ватан, дӯстӣ, якдилӣ ва бародарӣ намуданд. Фирӯза Шерматова – намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба сухан баромада, оиди иҷроиши барқияи КИМ ҲХДТ таҳти №19 натиҷаи арзишманд доштани сафари давлатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон саривақтӣ ҳисобида, равобити халқҳои тоҷику ӯзбек  ва мустаҳкамии риштаҳои дӯстиву хешутаборӣ байни ин ду миллатро қайд намуд. Инчунин дар васфи парафшонии парчами миллат шеъраке аз ашъори худ қироат намуд.  Маҳфилро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳо ҳусни дигар бахшиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>