«Созандагони Ватан» аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид

ДУШАНБЕ. Дирӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори он сараввал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба ҷалби созмонҳои нав ба Шӯро ва зиёд намудани аъзои он аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат асос меёбад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» масъалаи қабули ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби аъзои Шӯро якдилона пазируфта шуд. Тавре Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, қабули созмонро ба аъзогии Шӯро ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои миллат аз ҷавонон ва қадами устувору самарабахш дар роҳи таҳкими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар арзёбӣ менамоянд. Эълон намудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ва дар оғози ин сол пазируфта шудани ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳайси аъзои Шурои ҷамъиятӣ масъулияти ташкилоти «Созандагони Ватан» ва аъзои онро дар назди давлату миллат даҳчанд меафзояд, иброз дошт А. Раҳмонзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>