Шиносоии ҷавонон аз рафти хизмати сарбозон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Рузи гузашта  бо иштироки раиси КИН ҲХДТ Очилов Рустам, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Умарзода Ботирҷон, мудири шуъбаи кор бо занон Рустамзода Қумриниссо ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» «Рӯзи дарҳои кушод» дар қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой, баргузор карда шуд. Дар рафти дидорбинӣ аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз шароити хизмати ҳарбӣ, ҷойи хоб, ошхона, техникаву аслиҳаҳои ҳарбӣ дидан намуда, бо  хизмати сарбозон аз наздик  шинос  шуданд. Дар рафти суҳбат бо сарбозон  ба саволҳои худ посух гирифтанд. Сипас аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо яроқҳои ҳарбӣ шинос гардида, аз ҷониби афсарону аскарони қисми низомӣ муҳорибаҳои машқӣ-ҷангӣ намоиш дода шуд. Аз вохӯрӣ аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо як таассуроти баланд баргаштанд, зеро он хеле хотирмон баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>