Ободӣ мароми мост

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми сентябри соли 2018 кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади вусъати корҳои ободонию тозагӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар атрофи бинои маъмурӣ шанбегӣ баргузор намуданд. Кормандон аз субҳ то бегоҳирӯзӣ девори биноро рангу бор ва тамоми гирду атрофи КИН ҲХДТ-ро тоза намуданд. Корҳои ободонӣ баҳри «1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ» бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>