7 сентябр миёни дастаҳои футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Динамо”-и шаҳри Самарқанд бозии дӯстона доир мешавад

СУҒД. Дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд миёни дастаҳои футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Динамо”-и шаҳри Самарқанд бозии дӯстона доир хоҳад шуд. Бозии мазкур рӯзи 7 сентябр, соати 17-00 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” сурат мегирад. Ёдовар бояд шуд, ки 20 апрели соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Динамо» миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Динамо»-и шаҳри Самарқанд бозии рафиқона баргузор шуда, дидори дӯстона бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расида буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>