Викторинаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ

МАСТЧОҲ. Бо ибтикори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Мастчоҳ ва дастгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ викторинаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни 4 муассисаи касбии таълимӣ – коллеҷҳои омӯзгорӣ, кишоварзӣ, тиббӣ ва ЛКСК иштирок карданд.   Нахуст сардовари мусобиқа, афсари эҳтиётӣ Сафармаҳмад Иноятов ба раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба омодагии дастаҳо ҷиҳати оғози чорабинӣ гузориш дод.   Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни ифтитоҳи чорабинии бошукуҳ ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – рӯзи ҷасорату мардонагӣ ва ҷавонмардӣ таҳният гуфт.  Сипас мусобиқа аз рӯи шартҳои ба қисмҳо ҷудо ва пайваст кардани автомати Калашников, саломномаи ҳарбӣ, реферату рӯзномаҳои деворӣ, саҳначаҳо, шеърҳои ватандӯстӣ ва пӯшидани ниқоби зиддигазӣ  оғоз гардида,  хеле шавқовар ҷараён гирифт. Бо касби холҳои бештар дастаи «Сарбози Ватан» аз коллеҷи омӯзгорӣ сазовори ҷойи аввал шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои «Ҳомиёни Ватан» (аз ЛКСК) ва «Сипар» (аз коллеҷи кишоварзӣ) соҳиб шуданд.  Ғолибон бо Диплому туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>