Баргузории озмуни «Суруди сарбоз» дар маркази вилоят

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят озмуни «Суруди сарбоз» таҳти унвони «Ҳифзи Ватан муқаддас аст» гузаронида шуд. Дар озмун сарбозони қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 0235-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 03377- Комендатураи ҳарбии гарнизони вилояти Суғд, қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ, қисми ҳарбии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Факултети 4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қисми ҳарбии 14356-и Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати баланд нишон доданд. Ба ҳунарнамоии аскарони қисмҳои ҳарбӣ ҳакамони дорои маълумоти мусиқидошта ва дар соҳаи фарҳанги мусиқӣ фаъолиятдошта баҳо гузошта, беҳтаринҳоро муайян карданд ва ба ғолибон диплому мукофотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>