Нақши занон дар даврони Истиқлолият

КОНИБОДОМ. Бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов бо занони ҷамоати деҳот маҳфил таҳти унвони «Нақши занон дар даврони истиқлолият» баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур Ашурматзода З.Ӯ- муовини Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуд.  Сипас Холматова Х- муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши занон тӯли ин солҳоро ёдоварӣ намуда, даъват ба амал овард, ки занон дар пешрафти ҷомеа мавқеи муҳим доранд.  Қайд гардид, ки теъдоди аъзоёни ҳизб аз ҳисоби занон рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Инчунин оиди ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати занону модарон ва дастгириҳои Пешвои миллат, Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан кард.  Дар охир занони собиқадори Ҷамоат сухан карда, занони даврони истиқлолиятро ба шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар даъват ба амал оварданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>