Тафаккури солим – алайҳи ифротгароӣ

SKU223644(1)

АНДЕША. Масъалаи ҷавонон ва терроризм, пешгирии шомилшавии онҳо ба масоили мубрами рӯз маҳсуб мешавад. Ҷавонони мо, ки нахуст маълумоти назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд, тавассути сайтҳои интернетӣ онро такмил   медиҳанд. Ҳақиқат ин ҷост, ки дар замони муосир терроризм бештар дар ниқоби дин ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав ё мӯътақиди ин ё он дин меҳисобад. Аслан , террористон ақидаи шахсии худро надоранд ва ба шахсе ё гурӯҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шуданд. Омилҳое мавҷуданд, ки баъзе ҷавонон фирефтаи доми ин гуна шахсони беватану хоинон мегарданд, бо баъзеи сабабҳое мебошанд. Аз ҷумла надоштани дониши мукаммал аз бесари гапногирии баъзеи ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳои номатлуби ҷомеа, ки онро  “Наҳзатиёни бадандеш” меномем бар доми онҳо меафтанд. Имрӯзҳо ҷавонон аз шароитҳои хело хуби кишвари азизамон, ки Пешвои муаззами мо фароҳам оварданд таълиму тарбия гирифта истоданд. Ба якчанд пешравиҳо ноил гашта истоданд. Гумон мекунам, ки нафарон ба ҷои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ бо китобхонӣ машғул шаванд, беҳтар мебуд. Ҷовононро ба ҳушёри даъват карда ҳаминро гуфтаниам, ки онҳо на аз дарси омӯхтаи хоҷагони хориҷӣ, балки аз некгуфтаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсию ашъори Камоли Хуҷандӣ, “Қобуснома”-и Унсуралмаолии Кайковус ва аз дигар ғазалҳои гузаштагони мо илҳоми тоза гиранд ва дар зиндагии хеш ба кор баранд. Ҳисса гузоштан дар ободии Втан, таҳсили хубу аъло, ҳунаромӯзӣ, омӯзиши забонҳо, фаъолияти пурсамар, ин аст сармашқи зиндагии ҷавонони ояндасози миллати тоҷик.

З. Зайниева

ноҳияи Шаҳристон      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>