Ҳимояи манфиатҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд

андеша

АНДЕША. Ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳо паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яке аз онҳо тавассути васоити ахбори омма таъсир расонидан ба ахлоқ ва арзишҳои миллии мо аст. Дар шароити муосир расонаҳои ахбории Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро дифоъ намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки васоитаҳои ахбори омма  ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд. Ба ҳифзи оромиву  суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.» Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. ҲНИ ба ин гуна ҳизбҳое ворид мешавад, ки фаъолияташ дар кишвар мамнӯъ карда  шудааст. Ҳизби мазкур дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш ҷалб намуда, қариб буд мардуми кишварро ба гумроҳӣ бубарад. Аз он шукргузорӣ менамоем, ки орзуи ин гуна ашхосе, ки одам гуфтан онҳоро  забони кас намеравад амалӣ нашуд ва ба ном «ҳомиён», яъне пушту паноҳашон, шахсоне ки ин гуна ноадолатиро ба сари мардум ва кишвари мо овардан мехостанд имрӯзҳо берун аз кишварӣ мо гурехта гаштаанд ва мумкин аст  мисли «сагони дайдуе» ҳаёт ба сар мебаранд.

Саидова Мохинисо

омузгории кафедраи таърих ва

чомеашиносии колечи омузгории

шахри Панчакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>