«Бозгашт аз ҷаҳаннам»

андеша

АНДЕША. Тӯли чанд рӯзҳои охир аст, ки навори видеои «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро дар тамоми  расонаҳои  хабарӣ  ва  шабакаҳои  интернети  ба намоиш  гузошта шудааст. Пас аз дидани ин навори видеои «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Ҳизби Террористӣ ва экстремистии Наҳзати Исломи аз рӯзҳои аввали ташаккул ёби аз паи нобуд кардани давлату миллати тоҷикон будааст.Бо сардории хоҷагони хориҷиашон ҳамеша аз паи нобуд кардани шахсони барӯманд, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буданд. Чаро М.Кабирӣ ба миллату давлати худ хиёнат кард ва аз ин кораш даст кашидани нест. Охир Кабирӣ худ зархариди хоҷагони хориҷӣ шудааст. Барои қонеъ кардани нафси худ миллату ватани худро барои пулу моли ночиз, ки ба як зарраи хоки Ватан намеарзад ба хоҷагони хориҷӣ фурӯхтааст. Чаро ҷавонони тоҷикро бо фиребу найранг фирефтаи худ месозанд? Оё М.Кабирӣ худ зану фарзанд надорад, ки ҷони садҳо ҷавонони гумроҳи тоҷикро бераҳмона дар хатар мегузорад. Маълум аст, ки аз солҳои 90-ум то ин ҷониб ҳамаи он ҷангу ҷидол ва қатлу ғорате, ки дар Тоҷикистон рӯх дода аст маҳз  бо ташаббуси ин наҳзатиёни хоин будааст. Сатторов Айёмиддин пас аз 40-соли шомил будан ба ин ҲНИ нав ақлаш даромада дарк кард, ки хатои калоне кардааст. Барои пулу мол шуда ба Ватани азизаш хиёнат кардаасту анакнун афсус мехурад. Аз гуфтаҳои ӯ бар меояд, ки наҳзатиён танҳо барои манфиати худ кор ва фаъолият менамоянду ҷавонони соддаю зудбовари гумроҳи моро бо ҳар гуна сунанони фанатикии худ бовар кунонида нисбати миллату давлати худ шӯр меандозанд. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистон аз дасти худи ҷавонони тоҷик, ки ба гумроҳи рафтаанд талаву тороҷ гардад. Чаро ҷавонони мо зуд ба доми ин наҳзатиёни разил меафтанду оқибати ин амалашонро, ояндаашонро, падару модарашонро фикр намекунанд? Чаро ҷони ҷавони худро дар азобу шиканҷа мегузаронанд? Охир худи С.Айёмиддин бо забони худ мегӯяд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои иҷрои амалҳои ваҳшиёнаи ҷавонони гумроҳ пули ночизе медиҳанд, ҳатто барои сер кардани шикамашони кофӣ нест. Пас чаро ҷавонони мо  ин роҳи хунинро интихоб мекунанд? Чаро миллату давлати худ, модари худро ба ҷои ҳимоя намудан баракс ба наҳзатиёни беномӯс мефурӯшанд? Шояд аз сабаби надоштани иродаи қавӣ ва дониши хуби дуняви бошад, ки фирефтаи наҳзатиёни хоин мегарданд.  Биёед нагузорем, ки як зарраи ин хоки ватани азизамонро нохалафе пароканда созад. Аз гуфтаҳои Сатторов Айёмиддин бар меояд, ки наҳзатиён нақшаҳои зиёде дошта гурӯҳҳои зиёдеро омода намуда истодаанд, то ба Тоҷикистон дубора ворид шаванду зер дасти худ созанд. Тӯли 27 сол мешавад, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Ин Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст, ки зуд аз даст диҳем! Мо Пешвое чун Рустами Достон дорем, ки намегузорад қудуми нохалафе бар хоки Тоҷикистон ранҷа гардад. Сарвари давлати мо, Пешвои муаззами миллати тоҷик мо ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ тарбия намуда истодаанд. Мо низ ҷавонон то ҷон дар бадан дорем кӯшишу ғайрати худро барои ободӣ ва озодии Ватани азизамон Тоҷикистон дареғ намедорем.Ва намегузорем, ки як пораи санги ватани азизамон аз ҷой беҷо шавад. Мо ҷавонони бо нангу ор ва ба номӯси миллат доимо ҳамқадами Пешвои муаззами миллат ҳастем.

Зинда бодо тоҷикону давлати Тоҷикистон!

Сипеҳр Қамарзода

 ноҳияи Ашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>