Дигар аз дасти ТТЭ ҲНИ коре нахоҳад омад!

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) то ҳанӯз аз ақидаи ифротгароёна ва усули муборизаи зӯроварона даст накашидааст. Далели ин гуфтаҳо содир гардидани амалиёти террористии 29-июли соли 2018, ки нисбати шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон анҷом дода шуд, маҳсуб меёбад. Гурӯҳи террористони марбут ба ТТЭ ҲНИ бо зоҳир намудани бераҳмии ба наҳзатиҳо хос ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда, онҳоро ба қатл расониданд. Ин амали нангин ба ҷиноятҳои сангини солҳои 90-уми асри гузашта монандӣ дорад. Бешак, ин ҳодисаи мудҳиш ва нанговар бевосита бар зидди манфиатҳои давлату миллат равона гарида, барои ноором сохтани вазъият, вайрон кардани қонун дар ҷамъият анҷом дода шудааст. Махсусан имсол, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, сар задани чунин ҳодисаҳо паст задани идеологияи миллат мебошад.  Бояд гуфт, ки ин ҳодиса тасодуфӣ набуда, маҳз бо ташаббуси ин гурӯҳи наҳзатӣ нақшабанди шудааст.Ин наҳзатиёни хоин кайҳо боз ин амали ваҳшиёнаашонро нақшабандӣ мекарданд ва фурсати муносиб меҷустанд.  Ҳама хуб дар хотир дорем, ки Тоҷикистон дар солҳои 90-уми солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо хатарҳои исломи сиёсӣ ва ифротгарои дучор шуда буд. Он вақтҳо гурӯҳҳои Ҳизби наҳзати исломӣ бадтарин ва сангинтарин ҷиноятҳоро содир намуда, сохти конситутсиониро аз байн бурданд, хоҷагии халқро хароб намуда оқибат ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ба миён оварданд. Ҳодисаи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ боиси марги ҳазорҳо одамони бегуноҳ ва овораю сарсон шудани миллати тоҷик буд. Дар баробари ин дар солҳои 90-ум ин гурӯҳҳои наҳзатиён бо хариду фурӯши қочоқ, яроқу аслиҳа ва савдои одамон машғул шуда ин корҳоро хеле ривоҷ доданд. Онҳо мехостанд бо роҳи зӯрӣ мардуми озоду оромро мутеъ намуда ғуломи худ созанд, мехостанд ҳокимияти сиёсӣ ва сохти давлатдориро тағир диҳанд. То ташкил гардидани ин гурӯҳи ТТЭ ҲНИ дар ҷомеаи Тоҷикистон оромию осудагӣ ҳукумфармо буд ва мардум ҳатто аз ин ҷиноятҳои зикршуда хабаре надоштанд.  Разилию палидии наҳзатиҳо аз он далолат медиҳад, ки баъди авф гардиданашон низ аз ин роҳи зӯроварию террор даст накашиданд. Оқибат ба мудҳиштарин ҷинояту хиёнат даст зада ҷеҳраҳои аслии худро намоён карданд. Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар гирду атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҷамъ омада, барои пешрафту ободӣ заҳмат мекашанд. Акнун Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои сохти демократию дунявӣ шинохта шудааст. Дигар аз дасти тӯдаи фирории ТТЭ ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ба давлатҳои Аврупо паноҳ бурдаанд, коре ҳам намеояд. Минбаъд фаъолияти онҳо танҳо аз иғвогарию бӯҳтон задан ба Давлату Ҳукумати Тоҷикистон иборат хоҳад буд. Ин наҳзатиҳо аз ҳар фурсату имконият истифода бурда мехоҳанд кишвари моро сиёҳ намоянд. Маълум аст, ки ҳамаи ин амалҳои наҳзатиҳо танҳо ба хотири пулу мол буда ва барои ба даст овардани пулҳои муфт аз хоҷагони хориҷиашон анҷом дода мешуд.Ҳоло аз ташкилоту фаъолияти ин гурӯҳҳои маскури террористӣ дигар дар Тоҷикистон ному нишоне мавҷуд набуда заифу нотавон гаштааст.  ТТЭ ҲНИ ҳамчун нерӯи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Бинобар ин тамоми Тоҷикистониён ва мардумони солимфикр ТТЭ ҲНИ- ро, ки имрӯз бо террору ифротгарои мехоҳанд оромии кишварро халалдор созанд, маҳкум мекунанд. Бо ишораҳои боло гуфтанием, ки аз дасти ин хиёнаткорон чизе намеомад, намеояд ва нахоҳад омад. Бо барномаи тарҳрезӣ намудаашон мехоҳанд байни мардум иғво ангезанд. Вале мардуми сарбаланди кишвари маҳбубамон ҳамеша сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззамаи миллатро дастгирӣ намуда, фаъолияти ин гуруҳи террорист ин хоинонро маҳкум месозанд.

Сипеҳр Қамарзода

ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>