Терроризм — манбаи хатар

Ruchka

АНДЕША. Агар саҳфаҳои таърихро варақгардонӣ кунем, ба хулоса меоем, ки дар ҳама давру замон террористон амал мекарданд ва ба муқобили осудагиву сулҳу оштӣ шамшер аз наём мекашиданд. Мутаассифона бо пешрафти замон, тараққиёти техника террористон низ яроқу аслиҳа ва воситаҳои қатли инсонро нав мекунанд. Ҷойи тассуф аст, ки онон дар ҳар давру замон дар байни масъулини баландпоя, сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро доранд ва аз онҳо сарпарастӣ мебинанд. Баъзе сарварони моҷароҷӯйи кишварҳои алоҳида ва дастаҳои тундгаро террористонро ба сӯйи худ ҷалб намуда, онҳоро барои амалисозии ниятҳои даҳшатбори хеш истифода мебаранд. Террористон ҷавонони булҳавас ва зудбовару соддалаҳвро ба доми фиреби худ кашида бо ваъдаҳои пуч ба доми бало мепартоянд, аз Ватан, аз фарзандони дилбанд ва падару модари зор ҷудо месозанд. Бо маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хоинона онҳоро ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ба куштору сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд. Риққатовар он аст, ки чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ амсоли ҲНИ, ДИИШ шуда, ба нокомиву фалокатҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштаанд ва бархе ҷони ҷавони хешро бохтаанд. Ҳамарӯза васоити ахбори умум, инчунин дар вохӯриву маҷлисҳо ва садову симо байни ҷавонон корҳои таблиғотиву ташреҳӣ гузаронида шуда, ононро ба дарки ватандориву хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ин аст, ки ҷавонон ҳоло барои рушду нумӯи ватани маҳбуб, ободгардонии маҳалли зисти хеш, хушбахтии оила ва донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ кӯшиш карда истодаанд. Тадбирҳои дурандешонаи Сарвари миллат Ассгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор дода, барои бунёдкориву ободгардонии мулки азиз саъй менамоянд. Шояд ин ҳама тадбирҳо самари хуб диҳанд ва ҷавонон ба хубӣ вабои аср будани терроризмро дарк кунанд ва аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар карда, ба муқобили зуҳуроти номатлуб баромада нагузоранд то ин мараз ба ҷомеаи мо реша давонад. Умеди мо ба насли ҷавон аст, зеро тақдири ояндаи миллату Ватан дар дасти ӯст.

Хамроева Максуда омузгори забони русии колечи омузгории ш. Панчакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>