“Паймони миллӣ”, ё хиёнат ба ормонҳои миллат?

pero

АНДЕША. Дар рӯзе, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои орому ободи мамлакат бо дили шоду пур аз ифтихори ватандорӣ ҷашни мубораку ҳумоюнии Истиқлолиятро таҷлил мекарданд, дар Варшава гуруҳе аз хонинони беватан ва манқурти манфур гирди ҳам омадаву роҳҳои нави хиёнат ба халқу миллатро баррасӣ мекарданд. Дар он соате, ки сокинони хушбахти кишвар дар боғу хиёбонҳои ободу чароғони пойтахт ва дигар шаҳрҳои зебои Тоҷикистон сайру гашти идона доштанд, симоҳои ваҳиму ватанбезоре дар кӯчаҳои Варшава сигор дуд мекарданду бо табассумҳои хоси бадбахтон бадбахтии ин милати озодро тасаввур менамуданд… Дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо ҳама сокинон новобаста аз мансубияти миллӣ, наҷодӣ, динӣ ва андешаҳои сиёсӣ озоду шод зиндагӣ доранд. Мардуми хештаншиносу ватандӯсти мамлакат бо дасту дили гарм ба миллату ватан хизмат мекунанд, дар рушду ободии кишвар саҳм мегузоранд ва барои фардои дурахшони худ содиқона фаъолият мебаранд, аммо дар Аврупо… Дар Аврупо гуруҳаке оҷизу ночиз, ки ғайр аз сангандозӣ ба сӯи миллату давлат ва фарзандони ҷоннисори он коре аз дасташон намеояд, бо таъсиси “Паймони миллӣ” ном мазҳакаи худ, мехоҳанд қаҳрамонии худро буруз диҳанд ва воқеан ҳам агар ин ҳама бадбинӣ нисбати арзишҳои миллию давлатӣ ва муқаддасоти он қаҳрамонӣ бошад, пас “қаҳрамон” ҳам ҳастанд. “Қаҳрамонҳое”, ки номуси занонашонро ба савдо гузоштаву хоҳарону модаронашонро тақдими хоҷагони хориҷии худ кардаанд. Агар сахт гуфтам, дуруст гуфтам, ки воқеият чунин аст ва ҳақиқат талх. Хуб биёед, бармегардем ба “Паймони миллӣ”. Ин миллат пеш аз наҳзатиҳои наҳсат паймони миллӣ дошт. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 бо саъю талош ва ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, беҳтарин ва волоатрин паймони миллист, паймоне, ки назир надорад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхтаву дар мамлакатҳои ҷангзада татбиқ мешавад. Ан аҳамон аст паймони миллии мо! Аммо дуруст, аст, ки зимни имзои он созишнома як иштибоҳе рух дод, авф ва вазифа гирифтани наҳзатиҳо, ҳарчанд, ки ҷониби дигари созишнома набуданд, иштибоҳи бузурге буд. Мо дидем, ки ба он паймони миллӣ хиёнат карданд, онҳое, ки вазифаю мансаб гирифтанд аз худ рафтанд ва ба зидди халқу ватан қиём карданд. Вале дар маҷмуъ он паймони миллӣ, ки Пешвои миллати мо имзо кард, пеши роҳи заволи давлатро гирифт, миллатро рушд бахшид ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин кард. Аммо душманони мо ин ҳамаро намехоҳанд, ба онҳо ободии Тоҷикистон ва осудагии халқ лозим нест, барои онҳо амалӣ намудани аҳдофи хоҷагони худ ва дарёфти манофеи молӣ муҳимтар аст. Аммо мутмаин бошанд, ки ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд, зеро ин миллат Пешво дорад, Пешвои бузург ва шоиста, ки ҳамаи хатарро аз сари миллат дур мекунад, ҳатто наҳзатиёни хоинро ҳам…

Муҳаммад АЛИЕВ, сокини ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>