Мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони маҳаллаҳо

БӮСТОН. Бо мақсади истиқболи сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон байни байни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр мусобиқаи футболи хурд баргузор гардида истодааст. Мусобиқаҳо аз санаи 1 сентябри соли равон оғоз гардида, қарор аст, ки 13 сентябр анҷом пазируфта, ғолибон муайян гарданд. Бозиҳо дар майдончаи варзишии ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон” ҳар бегоҳ баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқаҳо дастаҳо аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои шаҳр ва корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. Ҳадафи баргузории мусобиқаҳои мазкурро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ унвон дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>