Намоиши филм

ИСТАРАВШАН. Дар раёсати маорифи шаҳри Истаравшан пеш аз ифтитоҳи расмии конфронси омӯзгорон филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Намоиши филми мазкур ба иштирокчиён таассуроти амиқе гузошт, зеро парда аз рӯйи роҳбарони ТЭТ ҲНИ бардошта шуда, амал ва ниятҳои муғризонаи онҳо нисбати давлату миллати мо ба ҳамагон маълум гашт. Инчунин кирдори сохторҳои қудратӣ ва охундҳои кишвари ҳамзабон ва «дӯст»-и миллати мо ва ботил будани ақидаи бархе аз наҳзатиҳо, ки гӯё ҷонибдору дилсӯзи халқу давлати тоҷиконанд, собит гашт. Дар музокираҳои зиёиён ТЭТ ҲНИ-ро ҳизби фурӯхташуда, тафриқаандоз ва хоини миллат ном бурданд. Дар конфронс зиёда аз 750-нафар омӯзгорон ширкат доштанд. Чунин намоишҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пошкент, Ниҷонӣ, Зарҳалол низ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>