Қадршиносии пирони хирад ва пешсафони фаъолият

БӮСТОН. Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи телевизион ва радиои вилоят Мунира Раҳимзода аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо солгарди ҷашни фархундаи миллӣ таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳо таманно намуд. Сипас, раиси шаҳри Бӯстон иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар табрик намуда, зикр дошт, ки бо кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи тоҷик тавонистем дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои арзанда ноил гардем. Бо ёдоварӣ аз саҳми пирони хирад ва пешсафони фаъолият барояшон бурдбориву комёбиҳои меҳнатӣ таманно намуд. Ба 3 нафар собиқадорони меҳнат дар фазои тантанавӣ туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тақдим гардида, бо қарори дахлдори раиси шаҳри Бӯстон ба 5 нафар бонувони ҳунарманд баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ дар доираи соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шуд. Баъдан дар фазои тантанавӣ ба пешсафони фаъолият, кормандони касбу кори гуногун ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>