Варзиш гарави саломатӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст. Зеро варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солимии ҷомеа аст. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд. Дар ҷараёни сафар Муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят нахуст ба шаҳраки Меҳробод ташриф оварда, дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишии замонавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ раиси вилоят аз таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Майдончаи футболи хурд аз ҷониби соҳибкор Ахмедҷонов Баҳромҷон ба маблағи зиёда аз 600 ҳазор  сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро иқдоми нек ва амали шоиста бобати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҳал арзёбӣ намуд. Тадбирҳои бунёдкорона ва машғулияти кӯдакону наврасон дар майдончаи варзишӣ пурманфиат дониста шуд. Раиси вилоят кори анҷомдодашударо кори нек арзёбӣ карда, сокинонро барои вусъат додани  корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд. Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии иншооти Маркази саломатии тиббӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Суғд суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>