Истиқлолият ганҷи Ваҳдат аст

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар ТИ маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ, дар маҷлисгоҳи МТМУ №33 бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М., иштирок намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрик намуд.  Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-сола шуд. Албатта, 27-сол дар таърих лаҳзаи зиёд нест. Вале ин сол дар худ он қадар рӯйдодҳои бузургу тақдирсозро ғунҷонидааст, ки барои халқи тоҷик як давраи томи таърихӣ мебошад. Ба даст овардани истиқлолият кори осон набуд, лекин ин истиқлолиятро ҳифз намуда, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳама мушкилтар буд. Хушбахтона, бо сарварии сиёсатмадори барҷаста, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат, ягонагии марзу бум ва якпорчагии сарзамин таъмин шуд, ки дар натиҷа давлатамон то ба имрӯз расид. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аст. Аз ин рӯ, мову шумо, ҷавонони азиз, вазифадор ҳастем, ки истиқлолияти кишварамонро пойдор ва мустаҳкам намоем ва ба наслҳои оянда чунин давлати соҳибистиқлол, обод ва пешрафта боқӣ гузорем – чунин қайд намуд дар баромади хеш аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ Деҳқонов Л. Дар охир баромади хонандагони муассиса табъи ҳозиринро болида намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>