Истиқлолият- кафили рушди босуботи кишвар

ХУҶАНД. Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуда ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва бузургманишӣ дар тӯли таърихи гузштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори  миллати тоҷик намегузорад, ки  миллати  мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони  миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарафа барои ҳифзи он талош намоянд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе  доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд. Хушбахтона, баъди саргардониҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик бо заҳматҳои фарзандони бо ору номусаш дубора соҳиби давлати мустақили ҳуқуқбунёди ягона  гардид. Ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки қадри истиқлолиятро дониста, барои таҳкими он содиқона хизмат намояд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошад. Чунин гуфтугузорҳо дар толори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар хотимаи чорабинӣ якчанд нафар фаъолон бо медали   ҷашнӣ – 20 солагии ҲХДТ ва ифтохономаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>