Ифтитоҳи нахустин муассисаи таълимии миёнаи умумии ғайридавлатӣ

FB_IMG_1536659250866

МАСТЧОҲ. Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таълимии миёнаи умумии ғайридавлатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар ноҳия нахустин ва ҳоло ягона мебошад. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат баргузор гардид, раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, сардори раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷид Юсуфӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ, роҳбарони сохтору муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолони соҳаи маориф ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Муассисаи мазкур бо ташаббус ва маблағгузори соҳибкори муваффақи маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд гардида, дорои 2 ошёна ва синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз мебошад. Соҳибкор барои бунёди ин муассиса қариб 1 миллион сомонӣ харҷ намуда, ба сокинони ноҳия ҳадя кардааст, ки беҳтарин туҳфа ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни ироаи табрикот ин амали соҳибкори ҷавонро намунаи ибрату пайравӣ ба дигар соҳибкорон муаррифӣ кард.- Ҳамаи мо медонем, ки дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ низ чун Фазлиддин Ҳасанов дар рушду пешрафти ноҳия саҳми шоиста мегузоранд. Юсуф Маҷидӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни суханронӣ аз ин амали ҷавонмардонаи соҳибкор тавсиф кард. Фирӯза Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ оид ба нақши аъзои фаъоли ин ҳизби созанда дар рушди мамлакат иттилоъ дода, бунёди муассисаи мазкурро низ яке аз нишондиҳандаҳои фаъолияти пурсамари ҳизбиён донист. Соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори сипос карда, иттилоъ дод, ки ин иқдоми ӯ илҳом аз дастуру супориш ва ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сипас дар вазъияти тантанавӣ муассисаи мазкур ба номи падари соҳибкор, шодравон Мирзо Ҳасанзода гузошта шуд ва ба соҳибкори ватандӯст Фазлиддин Ҳасанов Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардид. Зимни шиносоӣ ба синфхонаҳои таълимӣ раиси ноҳия бо устодону хонандагони муассисаи мазкур суҳбат кард ва эшонро ба тарғиби илму ҳунар ва донишандӯзию ватандӯстӣ даъват намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>