Мулоқоти вакил бо сокинон

Деваштич мулокоти вакил

ДЕВАШТИЧ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ирӯзҳо мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон доир гардида истодааст. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Деваштич низ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷараён гирифт. Раиси ноҳия Ҷӯразода Р.Б  мулоқотро ифтитоҳ намуда, мавриди дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ҳарф зад.  Инчунин Исмомилзода Зуфар вакили Маҷлиси намояндагон кулли мардуми шарифи ноҳияро аз номи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни фархундаи Истиқлолият табрик намуд. Дар суханронӣ доири дастовардҳои даврони Истиқлолият ва рӯз аз рӯз баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии сокинони кишвар, нақшаҳои дар пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари мамлакат оиди бунёди як қатор иншоотҳои бузург ноҳия ба хусус хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой қайд гардид. Иштирокдорони мулоқот ба вакили мардумӣ бо саволу дархостҳои худ муроҷиат намуданд. Чунин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Муҷун бо иштироки бештари намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷараён гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>