Вохӯрӣ бо донишҷӯёни пойтахт

КОНИБОДОМ. Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар чорабиниҳо бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Онҳо инчунин бо донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, ки истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом ҳастанд, вохӯрӣ гузарониданд. Донишҷӯён бо қаноатмандӣ аз  ғамхориҳои давлату ҳукумат ва шахсан ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барояшон тамоми шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.   Мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Акмал Шарипов қайд намуд, ки донишҷӯёнро лозим аст, ки бо  баҳои хубу аъло таҳсил намуда, чун ҷавонони ояндасози миллат ба халқу ватани худ хизмат намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>