Аҳзоби бонуфузи сиёсии Тоҷикистону Россия санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ. Гузориш аз мулоқоти мақомоти Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумирусиягии «Единая Россия» ва маросими ба имзо расондани санади ҳамкориҳо
Ҳафтаи гузашта як ҳайати намояндагони Ҳизби умумирусиягии «Единая Россия» таҳти сарварии муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Владимирович Железняк, ки ба ин гурӯҳ роҳбари департаменти равобити байналмилалии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби «Единая Россия» Константин Константинович Петриченко шомил буд, ба Тоҷикистон ташрифи расмии корӣ анҷом доданд. Ҳадафи сафари роҳбарони ҳизби «Единая Россия» ба ҷумҳурии мо ба имзо расондани Созишномаи ҳамкорӣ миёни аҳзоби сиёсии «Единая Россия» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Баъди пазироии самимонаи меҳмонон аз ҷониби муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ва дигар намояндагони масъули ҳизб рӯзи якшанбеи гузашта дар толори пазироии меҳмонони расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ва Сергей Железняк мулоқоти судманд доир гардид. Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ҳайати намояндагони ҳизби умумирусиягии «Единая Россия»-ро дар раъси Сергей Железняк, муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия хушбошӣ намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ташрифашон ба Тоҷикистон будубоши хушу гуворо орзу намуд. Мавсуф зимни пазироии самимона иброз дошт, ки дар ин лаҳзаҳои хотирмон барои аҳзоби сиёсии «Единая Россия» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеаи муҳиму фараҳбахше сурат мегирад, ки ҳам барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам барои халқҳои Федератсияи Россия аҳамияти таърихӣ дорад. Мо дар ин рӯзи муборак дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи ду ҳизби бонуфуз Созишномаи ҳамкориро ба имзо мерасонем. Ҳизби мо чанд сол қабл аз ин ният дошт, ки ҷиҳати ҳамкориҳо санади мушаххасеро ба имзо расонад. Ва басо рамзист, ки дар остонаи баҳори хуҷастапай ин рӯйдоди муҳим ба вуқуъ мепайвандад. Мо бо Федератсияи Русия аз чандин солҳо пеш робитаҳои анъанавии таърихӣ дорем. Алоқаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию низомӣ ва илмию тиҷоратии ду кишвари дӯст ва бародар решаҳои амиқи гусастанопазир дорад. Тӯли зиёда аз 70 сол дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ бо ҳам робитаҳоямонро таҳким бахшида будем. Имрӯз низ Федератсияи Россия барои мо шарики стратегӣ маҳсуб меёбад ва Тоҷикистон хоҳони он аст, ки ин алоқаҳо дар асосҳои бародарию баробарӣ боз ҳам таҳким ёбанд. Раиси муаззами ҳизби мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои ҳасанаи миёни ду кишвари дӯст эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва барои равнақи минбаъдаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ мегардонанд. Бовар дорем, ки бо ташрифи расмии президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ робитаҳои миёни ду кишвар боз ҳам густариш меёбанд. Қобили тазаккур аст, ки ташрифи навбатии Президенти Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин дар арафаи 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Россия сурат мегирад ва он мисли дигар ташрифоти сарвари давлати Россия ба ҷумҳурии мо барои халқҳои ду мамлакат пурсамару муфид хоҳад шуд. Сатҳи баланди муносиботи ду кишвари бародар барои робитаҳои минбаъдаи мо, ҳамкориҳою ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзамон амнияти минтақа нақши шоиста мегузорад. Алоқаҳои имрӯзаи дуҷонибаю бисёрҷонибаи мо, ки дар заминаи боварию эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ба вуқуъ пайваста истодааст, ба манфиати ҳарду халқи бародар хизмат хоҳад кард. Дар зимни ҳамкориҳо мо омода ҳастем, ки ҳамзамон робитаҳои байниҳизбиамонро низ равнақ бахшем. Соле, ки сипарӣ гардид барои кишвари мо соли рушди устувор буд. Мо неру ва қудрату захираҳоямонро барои амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ- аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона кардем ва дар ин ҷода ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза комёб шудем.Бориаввал дар давоми зиёда аз бист сол мардуми кишварро дар фасли зимистон пурра бо неруи барқ таъмин намудем. Таҳия ва амалӣ грдондани барномаҳои муҳим имкон доданд, ки ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилиро то 7 фоиз ва рушди онро 4 баробар афзун гардонем. Танҳо дар давоми 15 соли охир қисми даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ, даромадҳои аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳои мардум 85 маротиба зиёд гардиданд. Дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, давомнокии умри сокинон то 73,5 сол расид. Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик ба маротиб афзоиш ёфт. Аз ҷумла мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Россия дар соли гузашта аз як миллиард доллари ИМА тааруз намуд. Федератсияи Россия дар миёни шарикони иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мавқеи аввалро касб намудааст. Россия дар сохтмону таҷдид намудани бахши гидроэнергетикии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Дар айни замон дар Тоҷикистон қариб 200 корхонаи муштарак фаъолият дорад, ки онҳо ба таври қобили мулоҳиза дар амри коҳиш додани сатҳи бекорӣ нақши муҳим доранд. Зиёда аз 70 муассисаи Федератсияи Россия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мустақими иқтисодию тиҷоратӣ доранд. Сарфи назар аз он ки Россия дар иқтисоди Тоҷикистон сармояҳои калон мегузорад, лекин лозим аст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ пайгирона вусъати бештар дода шаванд. Зеро ки Россия аз лоиҳаи КАСА-1000 дастгирӣ менамояд ва ба ин васила дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ нуфузи геосиёсии худро таҳким мебахшад. Дар баробари ин ҳамкориҳои фарҳангию башарии миёни Тоҷикистону Россия вусъати тоза пайдо карда истодааст. Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон дар Россия дар сатҳи баланд мегузаранд. Чунин робитаҳо ба халқҳои ҳарду кишвар имкон медиҳанд, ки бо фарҳанги бою ғании ҳамдигар аз наздик ошно шаванд. Аммо мо мехоҳем, ки ҷуғрофиёи ин гуна робитаҳо ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Россия бо фарогирии шаҳру навоҳии дурдаст боз ҳам васеъ гардонда шаванд.  Имрӯз Тоҷикистон як бахши фазои ягонаи таҳсилию маълумотгирии Россия маҳсуб меёбад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ ба сифати забони муоширати байни миллатҳо пазируфта шудааст. Дар Тоҷикистон ҳамаи чораҳоро меандешанд, ки забони русӣ ва фарҳанги бойи кишвари бузурги Россия дар аксарияти кулли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олию миёнаи касбӣ омӯзонда шавад ва рушду инкишоф ёбад. Барои омӯзиши забони русӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар айни замон дар мактабҳо қариб як миллион толибилм забони русиро меомӯзанд. Шуруъ аз синфи дуюм то синфи ёздаҳ таълими ҳатмии забони русӣ роҳандозӣ карда шудааст. Аз тариқи забони русӣ шаҳрвандони мо ба ганҷинаи санъату фарҳанги бекаронаиҷаҳонӣ, технологияҳои замонавӣ, навгониҳои илм дастрасӣ пайдо мекунанд ва андешаву мафкураи олами имрӯзаро амиқан дарк менамоянд. Дар айни замон беш аз 20 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои мухталифи таълимии Федератсияи Россия илму донишу касб меомӯзанд.
Дар амри ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва дӯстонаи миёни ду кишвар ҳизбҳои мо нақши бориз дошта метавонанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи Барномаи амал ва ғояҳои созандааш, ки ба беҳдошти сатҳи зиндагонии мардум нигаронда шудааст, дар айни замон аз ҷониби халқ дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз аҳзоби пешсафу бонуфуз эътироф шудааст.
Ҳизби мо нахуст бо номи Ҳизби халқии Тоҷикистон ёд мешуд ва моҳи июни соли 1997дар Анҷумани сеюм Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном гирифт. Моҳи апрели соли 1998 бошад, дар Анҷумани чорум Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари ҳизби мо интихоб гардид. Ҳоло теъдоди аъзои он то ба 450 ҳазор нафар мерасад. Ҳизби мо дар саросари мамлакат, дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо сохторҳои ба таври муназзам фаъолияткунандаи худро дорад. Соли 2011 дар назди ҲХДТ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»(«Созидатели Родины») таъсис дода шуд, ки дар сафҳои он имрӯз то сад ҳазор нафар аъзо шомил ҳастанд. Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои ҳизб ва қабули санадҳои қонунгузорӣ нақши шоиста дорад. Ҳоло фраксияи ҳизби мо дар палатаи поёнии Маҷлис 45 аъзо дорад. Дар Маҷлиси намояндагон 13 нафар занон фаъолият доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон робитаҳои байналмилалии худро пайваста густариш медиҳад. Мо бо ҳизби умумирусиягии «Единая Россия»-и Федератсияи Россия, Ҳизби коммунистии Хитой, аҳзоби «Нур отан»-и Қазоқистон, «Ени Азербайҷан»-и Озарбойҷон, Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Белая русь»-и Ҷумҳурии Беларус равобити қавии дӯстона дорем ва ин алоқаҳоямонро пайваста тавсеа мебахшем. Дар маҷмуъ мо робитаҳои дӯстонаи миёни халқҳо, аҳзоби сиёсӣ, ҳамшарикии беғғаразонаро ба таври мудавом таҳким мебахшем. Мо метавонем, ки аз тариқи неруи қавии ҳизбҳоямон ҳамкориҳои миёни кишварҳоямонро таҳким бахшем, то ки он минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон хизмати арзанда намояд. Баъдан Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Владимирович Железняк сухан дод. Мавсуф барои пазироии гарму самимии ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои халқҳои мо, равобити иқтисодию фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар аз имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузаштааст. Мо ин гуна робитаҳои ҳасанаро қадру арҷгузорӣ мекунем. Бояд тазаккур дод, ки мо аз давраҳои хеле пеш бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла бо кишвари зебою офтобии Тоҷикистон равобити хуб доштем ва ба қадри ин муносибатҳо мерасем. Зимн суҳбат нисбати муносибатҳои вижаи кишварҳои мо аз ҷониби ҳамтои ман, Муовини аввали Раиси ҲХДТ низ таъкид гардид, ки воқеан ҳам он барои пешрафту шукуфоии кишварҳоямон мусоидат карда истодаанд. Баъди соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ роҳбарони кишварҳоямон бахусус дар раъси президентҳо Владимир Владимирович Путин ва Эмомалӣ Раҳмон заминаи нави ҳамкориҳои мамлакатҳоямон роҳандозӣ карда шуданд. Мо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳи зиндагии шаҳрвандонамон, ҳаёти шоистаи ҳар нафар, таъмини амнияти бештари киварҳоямон бояд дастҷамъона кӯшиш намоем. Воқеан ҳам ҳамшарикии стратегии миёни кишварҳоямон мебошад, ки робитаҳои мо дар сатҳу сифати баланд қарор доранд. Имрӯз ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ хеле хуб амалӣ гашта истодааст ва итминон дорам, ки боз ҳам ривоҷ хоҳад ёфт. Акнун даврае фаро расидааст, ки ду ҳизби пешсафу пешқадами кишварҳоямон, ки мардум ба он бо эътиқоду эҳтимоми зиёд дилбастагӣ доранд, ба онҳо аъзо мешаванд ва ғояҳои созандаи ин аҳзобро тарафдорӣ мекунанд ва аз тариқи порлумонҳо, қабули санадҳои қонунгузорӣ ормонҳои мардумро амалӣ мегардонанд, ҳамкории густурдаеро ба роҳ монанд. Бо имзо шудани санади ҳамкории миёни аҳзоби мо шароиту имконияти васеъ пайдо мешавад, ки мо табодули таҷрибаҳои амалию сиёсӣ мекунем, барои рушди минбаъдаи алоқаҳоямон саҳми бештар мегирем ва дар ниҳоят неруи зеҳнии аъзои ҳизбҳоямонро барои равнақи иқтисоду сиёсати кишварҳоямон сафарбар менамоем. Аз ин амалкарди мо пеш аз ҳама мардумони ҳарду кишвари дӯсту бародар манфиат мебардоранд. Мусаллам аст, ки ҳадафи ҳар кадом ҳизб аз тариқи демократикунонии ҷомеа ва татбиқи меъёрҳои демократӣ мусоидат намудан ба беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеа, тақвияти ошкорбаёнӣ, баёни озодонаи афкору андеша ва дар ниҳоят рушду тараққӣ ва такмили ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷамъият мебошад. Бовар дорам, Санади ҳамкории миёни аҳзоби мо, ки дар инҷо ба имзо мерасонем, меваҳои зиёди ширину гувороеро ба бор меорад. Баъди суханрониҳои пурмуҳтавои ҷонибҳо маросими ба имзо расондани Санади ҳамкориҳои миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия» сурат гирифт. Санади ҳамкориро аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ва аз ҷониби муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Владимирович Железняк ба имзо расонданд. Дар мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои роҳбарии аҳзоби сиёсӣ ва маросими баимзорасонии Санади ҳамкории миёни аҳзоби сиёсии «Единая Россия» сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семёнович Фролов-Лякин ва раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иштирок доштанд. Дар ниҳоят ҳайати расмии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия» зери роҳбарии муовини котиби Шӯрои генералии ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия», вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Владимирович Железняк бо масъулин ва фаъолони ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ вохӯрӣ ва мулоқот анҷом доданд. Мулоқот дар фазои самимият ва дӯстона сурат гирифт. Баъди анҷоми бахши расмии вохӯрию мулоқотҳо меҳмонон аз осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи фарҳангии Ҳисор» дидан карданд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>