«Нақши оила дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

БӮСТОН. Бахшида ба 27 – ум солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади  ҷалб намудани занон ба касбу ҳунар, қадрдонии оилаҳои ҳунарманд дар ташкилоти ҶДММ «Далер» чорабинӣ   бо иштироки занони фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои шӯрои занони КИ ҲХДТ дар шаҳр  баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Мухторова Г.,  мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М., мудири САҲШ – и шаҳри Бӯстон Муҳаммадӣ Дилноза, мудири шӯъбаи занони МИҲД – шаҳр Расулова М. иштирок карданд. Мулоқотро раиси ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Мухторова Гавҳар оғоз карда, оиди гамхориҳои Пешвои миллат дар фаъолияти занон сухан кард. Дар навбати худ  мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М. баромад намуда, масъалаҳои дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати занон, муҳайё кардани шароити мусоид дар кору фаъолияти занон ва нақши занон дар сиёсати давлат гуфта гузаштанд.  Дар вохӯрӣ фаъолони  ҳизб, ва намояндагони оилаҳои намуданавии шаҳр  иштирок намуда, қадрёбӣ гардиданд.  Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Бӯстон ва шаҳраки Палос намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид.  Сипас, аъзои  Шӯрои занони КИ ҲХДТ мудири бахши САҲШ – шаҳри Бӯстон Муҳамаддӣ Дилноза  оид ба оиладорӣ, сири хушбахтии  оилаи ҳунарманд ва масъулияти онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон сӯҳбат намуд.  Аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳр барои  оилаи намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>