Ифтитоҳи муассисаи нави таълимии томактабӣ дар ҷамоати деҳоти Палдорак

МАСТЧОҲ. Дар рӯзҳои фархундаи истиқбол ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ соҳиби туҳфаи бузурги идона — муассисаи таълимии томактабӣ гардиданд. Дар маросими расмии ифтитоҳи ин муассиса раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дарвилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамоат ва намояндагони ВАО иштирок карданд. Нахуст раиси ноҳия Ғайрат Азиззода сокинони сарбаланди деҳоти Палдоракро ба муносибати ҷашни ҳумоюнии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, доир ба дастовардҳои бузургтарини даврони Истиқлол маълумот дод. — Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, Мастчоҳ ободтару зеботар гардидааст, ки лоиқи ифтихору шукргузорист, — таъкид кард Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ. Юсуф Маҷидӣ низ зимни ироаи табрикот ба ҷараёни корҳои созандагӣ дар ноҳия ишора карда, аз онҳо тавсиф намуд. Фирӯза Раҳимӣ, мудири бахши кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ доир ба нақши Истиқлолият дар рушду пешрафти мамлакат ибрози андеша карда, истиқлолиятро асоси такомули тадриҷии ҳамаи соҳаҳо донист. Пас аз буридани лентаи рамзӣ меҳмонон аз ҳолату шароитҳои муассиса дидан намуда, бо мураббияҳову кӯдакони хушбахти даврони истиқлол суҳбат карданд. Муассисаи таълими томактабии №2-и Ҷамоати деҳоти Палдорак ҳарчанд бинои даврони собиқ шӯравист, аммо солҳои тӯлонӣ дар вазъияти вайронаву ҳузновар қарор дошт. Муассисаи мазкур бо ташаббусу маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва дастгирии соҳибкорон комилан таъмиру азнавсозӣ шуд ва дар рӯзҳои мубораки Истиқлолият ба сокинони деҳоти Палдорак тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>