Ифтитоҳи Маркази саломатии Оббурдон

41215866_541149846339954_7703603416852856832_n

МАСТЧОҲ. Дар арафаи ҷашни фархундаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ як қатор иншооти муҳим ба истифода дода шуданд.Аз ҷумла маркази саломатии Оббурдони Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, ки дирӯз ифтитоҳ ёфт, ба сокинони ин ҷамоати калонтарини ноҳия туҳфаи беҳтарин буд. Дар расми ифтитоҳи ин муассисаи замонавии тиббӣ роҳбарияти ноҳия, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолони ноҳия ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Нахуст Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба аҳамияти бузурги Истиқлолияти давлатӣ дар рушду пешрафти кишвар, махсусан соҳаи тандурустӣ, дастовардҳои замони истиқлол ва натиҷаҳои сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.  - Марказии саломатии Оббурдон низ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, яке аз меваҳои шаҳдбори замони истиқлол маҳсуб меёбад. Ҳамаи мо дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат бояд содиқонаву софдилона барои ояндаи беҳтар талош варзем ва дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста гузорем, — таъкид кард раиси ноҳия Ғайрат Азиззода. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода низ сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни Истиқлолият таҳният гуфт ва ифтитоҳи маркази саломатии Оббурдонро туҳфаи беҳтарини Пешвои миллат ба сокинони деҳоти мазкур донист. Юсуф Маҷидӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи табрикоти идона сокинонро ба расидан ба қадри дастовардҳои замони истиқлол ва муқаддасоти миллию давлатӣ даъват кард. Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба нақши бузурги табибон дар амалисозии Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ибрози андеша карда, иттилоъ дод, сартабиби маркази саломатии Оббурдон Собирҷон Розиқов барои фаъолияти пурсамар ва татбиқи ғояҳои пешбарандаи ҳизб бо медали «20-солагии ҲХДТ» сарфароз гардонида мешавад. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба мавсуф медали мазкур тақдим гардид. Ҳамчунин, як гуруҳ сохтмончиён ва фаъолони соҳа, ки дар бунёди босифати маркази мазкур саҳм доштанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ қадршиносӣ шуданд. Аз ҷумла вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ барои саҳми шоиста гузоштан дар бунёд ва таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо Сипосномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд. Сипас гуруҳи меҳмонон аз ҳуҷраҳои кориву ташхисии марказ дидан карда, бо шароитҳои он аз наздик шинос шуданд. Дар охир Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ барои фаъолияти пурсамар ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>