Вохӯрӣ бо вакил

КОНИБОДОМ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрӣ бо Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан Муҳиддинович  баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кумитаи маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, занон ҷавонон ва собиқадорону фаъолони шаҳр иштирок доштанд. Вохӯриро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба  Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Равшан Муҳиддинович  дод. Вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом 19 оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи худ дар Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Дар рафти вохӯрӣ дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» сухан карда, оид ба ҷиҳатҳои мусбию манфии иҷрои қонуни мазкур истода гузашт. Дар бораи вайроншавии оилаҳо, такмил додани ҳунарҳои мардумӣ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, дӯстию равобити ҷовидонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан кард. Қайд карда шуд, ки баъди кушодашавии сарҳад то ин дам байни ду кишвари ҳамсоя беш аз  60 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки ин далелҳо бори дигар собит месозад, ки муносибати дӯстонаи ин ду халқият ногусастанист.        Сипас вакил дар бораи  зиёд шудани нафақаҳо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, таҳти № 1084 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва степендия» маълумоти мушаххас дод. Инчунин раиси шаҳр Боҳирӣ  Ғ.Н доир ба омодагии шаҳр ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суханронӣ намуда мардумро ба сарҷамъӣ даъват намуд. Дар охир суолу ҷавоби иштирокдорон бо вакил ва раиси шаҳр сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>