23 сентябр Рӯзи шаҳр таҷлил мешавад

ХУҶАНД. Санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад. Дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд беш аз 70 адад хаймаи дастовардҳои соҳаҳоигуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод ва ба чанд нафар унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 40 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд. Ҷоиз ба зикр аст, ки сокинони маркази вилоят соли чорум аст, ки Рӯзи шаҳри Хуҷандро бо шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>