Чӯҷаи зоғи зулматсиришт…

1200px-Corvus_corone_Rabenkrähe_1

АНДЕША. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки як зумра мунофиқони фирории тоҷик, ки дар мамолики хориҷи кишвар дур аз ватани аҷдодӣ зери қаноти хоҷагони худ мебошанд, бо дастгирии чӯҷаи зоғи зулматсиришт оғои “Муҳиддин Кабирӣ” дар Лаҳистон гирди ҳам омада, кӯшиш ба харҷ додаанд то санги маломате ба ватани аҷдодии худ хусусан алайҳи Ҳукумат зананд. Нуқтаеро бояд қайд намуд, ки оғои “Муҳиддин Кабирӣ” ҳанӯз сурат ва сирати аслии худро барои аҳли башар нишон додааст, ки ӯ ҳамон чӯҷаи зоғи зулматсиришт мебошад, ки дар ҷаннати рӯи замин Тоҷикистони азиз паҳлӯи Товуси боғ ҷой гирифта буд. Обу дону нуқли ӯ аз ҳисоби халқи оддии заҳматкаш чунон зиёд шуда буд, ки ҳеҷ ҳамто надошт. Аммо, ин чӯҷаи зоғ аз анҷири ҷаннат ва обу ҳавои мусаффои он қаноат накарда одати бад, ки дар мағзи устухонаш ҷой гирифтааст, “Кунакзанӣ”-ро пеша карда, аз гиребони падар гирифтанӣ шуд. Аммо фаромӯш карда буд, ки бе дуои падар касе ба ҷое нарасидааст. Аз ин рӯ, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш чун зоғҳои манқурт зери болу пари аҷнабиён афтода, ба як санги сиёҳи Тоҷикистони азиз зор хоҳанд шуд. Зеро фармудаанд:

Шавад оқибат бачаи зоғ-зоғ,

Кашад ранҷи беҳуда Товуси боғ.

 

                                 Б. Қудратов–мудири бахши дин,

                                 танзими анъана ва ҷашну

                                 мароисми шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>