Такягоҳи пешрафт ва сулҳу субот

desktopwallpapers.org.ua_11822

АНДЕША. Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боз ҳам файзу шукуҳу шаҳомати тоза овард. Дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ, ки Пешвои миллатамон буданд, истиқболи гарму самимии мардум табъи ҳамаи моро болида месохт. Кафкӯбиҳои пурмавҷ, нидоҳои шодмонӣ аз дидори мубораки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олист. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони касбу кори гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Роштқаъла, Ванҷ, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ гарму самимӣ сурат гирифт. Дар доираи сафари корӣ Пешвои миллат дар вилоят як қатор иншоот, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Бояд қайд кард, ки новобаста ба ҳавои номусоид ва бориш дар шароити кӯҳистон ва кӯҳҳои сарбафалаккашида Роҳбари давлат аз сафар ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз роҳашон нагаштанд. Ин албатта, аз ҷоннисорӣ, инсондӯстӣ ва ҷасорати бузург доштани Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад. Имрӯз мо ба кишвари зебо, орому гулгулшукуфони худ назар андохта, аз пешравиҳои он меболем, зеро имрӯз нигоҳи тамоми дунё ба кишвари мост. Рушду тараққиёти кишварамон бахусус вилояти Бадахшон ба шарофати сиёсати оқилона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вилоят дар замони иттиҳоди Шӯравии пуриқтидор дар шаш моҳи фаслҳои зимистон ва баҳор ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба ғайр аз роҳи ҳавоӣ, ки он ҳам хеле кам кушода буд, дигар алоқа надошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Қулма сохта ба истифода дода шуд, ки дар тамоми фасли сол мо сокинон ва меҳмонон ба воситаи ин роҳ бемамоният рафту омад дораем. Имрӯз Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такягоҳ, пуштибон ва девори пурқудрати Тоҷикистони азиз ва ҷузъи ҷудонашавандаи он вилояти Бадахшон аст. Мо сокинони вилоят дар атрофи Пешвои муаззам муттаҳидем ва ба душманону зархаридони хориҷӣ намегузорем, ки ба солимии авзои ҷомеаи хатар эҷод намоянд. Мо ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона аз он менамоем, ки соҳибватану соҳибистиқлол ҳастем. Мо пайравони Пешвои миллат, нигоҳдорандагони ҷомеаи солим, ташаббусҳои созанда ҳастем ва дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода ҳастем.

Хисравбекова Туҳфа

директори МТМУ №10 ба

номи профессор К. Абдулов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>