Ба “Паймони миллӣ” эҳтиёҷ надорем!

SKU223644(1)

АНДЕША. Мо, фаъолзанони шаҳри Панҷакент баробари огаҳӣ ёфтан аз расонаҳои  хабарӣ дар бораи таъсис ёфтани ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон иқдом намудем, ки расман фаъолияти чунин созмоне, ки бо ташаббуси як гурӯҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъан маҳкум намоем. Зеро чанд нафар хоини ватан муаррификунандаи миллат шуда наметавонанд. Аз ҷониби бархе душманони миллати тоҷик, ки пешравӣ ва осудаҳолии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро намехоҳанд суханҳои ноҷо ва фирефтакунандаву гумроҳсозандаро пахш карда фикр мекунанд, ки муввафақ мешаванд. Ин бешарафон бо роҳбарии раиси ҲНИ-и ки санаи 29-сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ)- терористӣ эътироф намуд, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода буд аз он бехабаранд, ки барои худашон чоҳ канда истодаанд. Бо имзои чор тан аз террористон ва фарзандони гумроҳи кишвар Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гӯё онҳо Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳадафи  таъсиси ташкилоти мазкур ҳанӯз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Ва ӯ бештар хостори таъсиси чунин ташкилот гардида буд ва ҳатто дар қалби нопокаш пинҳонӣ орзуи роҳбари ин ташкилоти навтаъсис ва лидери хоинон дар хориҷ шудан парварида буд. Бо ҳидояти хоҷа ва сарпарастии онҳо лоиҳаи навбатии Кабирӣ дастгирӣ ёфт ва ниҳоят Кабирӣ роҳбари ин ташкилот пазируфта шуд. Кабирие, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун террорист шинохта шудааст худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, рӯзону шабон барои иҷрои супоришҳои хоҷагонаш кӯшиш менамояд. Мақсади ниҳоии Кабирии разил бинобар он, ки ҳама аз хиёнатҳои наҳзат огоҳ гардид ва ин ташкилоти таҳрибкорро фаъолияти ғайриқонуниашро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд, мехоҳад паймонеро таъсис дода, ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намояд. КИ ҲХДТ дар шахри Панчакент бахри пешгирии  ходисаҳои номатлуб, аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  дар Ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр пайваста вохуриву мулоқотҳо доир намуда истодааст. Барои ҳар як фарди солимфикр маълум аст, ки қисмат намудани ҷомеа аз номи дин ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, чӣ натиҷаи баде хоҳад дошт. Онҳое ки имрӯз аз номи ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд мардумро бо исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои ғаразноки дунявии худ расанд, аммо дар асл манфиати ислому муслимин барояшон ҳеҷ аҳаммияте надорад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез фирефта нагардем  ва   ватани худро тинҷу осоишта  нигоҳ дорем. Нагузорем, ки  фазои сулҳу суббот ва ваҳдатофари мо, ки  аз  нури хуршеди  истиқлол мунаввар гаштааст,  тира гардад.

Фаъолзанони ҲХДТ аз

шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>