Ҳисси баланди меҳанпарастӣ

вохури

АЙНӢ. Мавриди зикри хос аст,   даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000-ум  дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №1095 аз 28 августи соли 2018 оғоз гардид. Бо ин мақсад ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия, ба ҷамоатҳои деҳоти Анзоб, Фондарё ва шаҳраки Зарафшон-1 сафар намуда, бо ҷавонони синни даъвати  ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ вохӯрии судманд доир намуд. Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” доири сиёсати созандаи пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷавононро барои ҳимят намудани марзу буми хеш даъват намуд. Зимни вохӯрӣ директори МТМУ №6-и шаҳраки Зарафшон Ниёзбобоев Раҷаб ба сухан баромада гуфт: “Бояд, зикр намоям, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарту шароитҳои қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро беҳтар намудаанд, ки мо бо чашмони худ дидаем. Пас моро мебояд, ки ба хизмати Ватан-Модар омода бошем. Мавсуф изҳори хушнуди аз он намуд, ки КИ ҲХДТ дар ноҳия дар тӯли фаъолияти хеш, баҳри тарғиби сиёсати созандаи Сарвари давлат ва тарбияи ҷавонони созанда пайваста чорабиниҳои судманд мегузаронад

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>