Иқдоми ҷавонони Чоркӯҳ

ИСФАРА. Дар маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ мубоҳисаи сиёсӣ оиди пешгирии ғоя ва ҳаракатҳои ифротӣ доир гардид.  25 нафар ҷавонон дар мубоҳиса иштрок карда, фикру андешаҳои хешро бобати фарогирии ҷавонон бо зиракии сиёсӣ, сари вақт пешгири кардани зуҳуротҳои номатлуб, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози андеша карданд.   Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О. Аҳмадов бобати тарзу услубҳои ба роҳ мондани корҳои тарғибӣ, бахусус саҳмгирӣ дар ошкор ва пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми бепоён ба давлати миллӣ, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон изҳори андеша кард.  Ҷавонони таблиғгар бо иқдоми наҷиб, яъне ҳар панҷшанбеи моҳ доир намудани мубоҳисаи сиёсӣ бо иштироки хатмкунандагони яке аз  муассисаҳои таълимии деҳа дар маркази ҷавонони деҳотро пеш гирифтанд. Ба иштирокдорон дастурҳои тарғибӣ, ки аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исафра ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оиди пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ омода карда шудааст, дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>