Мулоқот дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагона»

20180926_101543

КОНИБОДОМ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилотхои ибтидоӣ ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Конибодом дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бачагона»  бо иштироки мудири шӯъбаи ташкили кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф ва мутахассиси омори кумита Юсуфова Ҳ вохӯриҳои таблиғотӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо фаъолони ҲХДТ доир гардид.  Ҳоҷиев Ф дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат, аз нав ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон,  сафарҳои кории  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуда, ҳамзамон дар мавзӯъи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадифи солим нигоҳ доштани  маънавиёти ҷомеа, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ, баҳри ҳимояи  марзу буми кишвар, рушди хунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват  намуд. Дар охири вохӯрӣ дар вазъияти тантанавӣ барои ҷавонони фаъоли ин ташкилот шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>