Мулоқот дар Литсейи касбии техникӣ

лкт-1

ПАНҶАКЕНТ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод бо донишҷуёни Литсейи касбии техники шаҳри Панҷакент мулоқот намуд. Шукурзода Мурод зимни вохурӣ доир ба шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда зикр намуд, ки ҷавонон аз душмонону хоинони миллат худро эҳтиёт намуда  зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Инчунин Шукурзода Мурод зимни мулокот оиди пешгирии мебории ВИЧ\СПИТ сухан ронда зикр намуд, ки “Пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳама қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд”. Баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар кардани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар як сохтору мақомот муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳар фардро зарур аст, нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, зеро тамоми мушкилоти зиндагӣ, хосса, проблеммаҳои саломатӣ аз рафтори ҳар нафар вобастаанд. Маврид ба таъкид аст, ки аз солимии мо тансиҳатии аҳли оила, наздикон ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа вобаста аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>