Тарғиби ҳаёти солим

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунанда ва дар самти пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД силсила чорабиниҳо: ба монанди вохӯриву суҳбатҳо, мизи мудаввар, семинари омӯзишӣ бо занони хонанишин, фаъолзанони ҳизб, ҷавондухтарону ҷавонписарон, омӯзгорон дар Ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳои шаҳру шаҳракҳои Адрамон, Косой, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Сирдарё   баргузор намуд.     Аз ҷумла, рузи гузашта дар толори Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 шаҳр, чорабинӣ таҳти унвони «Мо зидди бемориҳои сирояткунанда» дар мавзуъи «Пешгирии касалии ВИЧ/СПИД» бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассиса баргузор кард. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Кузиева Муҳаббат ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Раҷабова Гулбаҳор Мӯминҷоновна  иштирок доштанд. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумиҷроия дар мавзӯъи «Спид вабои аср» суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳама аз Вируси норасоии масъунияти одам ва Аломати норасоии масъунияти одам маълумоти пурра дорад. Ин яке аз маҷмӯи бемориҳои хавфнок мебошад, ки дар замони мо  дар рӯи замин одамон гирифтори ин беморӣ шудаанд. Аз оқибати он бисёрии беморон фавтидаанд. ВНМО/АНМО яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ буда, қариб дар ҳама ҷо дар бораи ин беморӣ сухан меравад. Бахусус, ин ба ҷавонон дахл дорад, чунки ҳоло онҳо ҷавон буда, фаъол ҳастанд, қадамҳои аввалини худро ба ҳаёти мустақил мегузоранд, таҳсил мекунанд, ҷомеа мехоҳад, ки онҳо дар корҳои худ ба комёбиҳо ноил гарданд. Барои ҳар як инсон саломатӣ чизи қиматтарин мебошад. Вале онро ҳифз кардан, алалхусус, дар он ҳолат ба мо муяссар мегардад, ки мо муносибатҳои байни якдигарро ба хуби дарк намуда, эҳсоси бехатариро дар онҳо нигоҳ дорем. Дар итмоми чорабинӣ Раҳимова М.А. қаӣд намуд, ки ҳар шахс барои ҳифзи саломатии худ ҷавобгар ҳаст. Кӯшиш намоед, тарзи ҳаёти солим дошта бошед ва ҳисси масъулият дар рафтори шумо ба назар расад. Ташхиси сирояти Вируси норасоии масъунияти одам барои ҳар як шахс ва наздикони ӯ зарур аст, зеро ин амалиёт боиси боварӣ ба худ ва зарар нарасонидан ба атрофиён мегардад. Чорабинӣ бо саволу посухҳо, саҳначаҳои ҷолиби диққати тарбиявӣ  ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>