Такмили корҳои тарғибӣ

ИСФАРА. Рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо фарогирии 20 нафар омӯзгорони ҷавони ҳудуди шаҳр омӯзиши сиёсӣ оиди хатарҳои ғоя ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он доир гардид.   Ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара М.Наҷмдинзода, муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов оиди вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, сабабу омилҳои ба пайдоиши экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда тарзу услубҳои ба роҳ мондани корҳои тарғибӣ дар самти пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ изҳори андеша карданд.  Қайд гардид, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва соҳибистиқлолӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди Тоҷикистон аст.   Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажотпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарuиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст”. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти беш аз 20 ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ террористӣ дошта дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аз ҷумла “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб – ул — Таҳрир”, “Салафия”, “Байат”, “Ҳаркати Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон”, “Ал- Қоида”, “Ҳаракати Толибон”, “Лашкати Таиба”, “Ҷамъияти исломии Покистон”, “Ҷасъияти таблиғ”, ташкилоти динии миссионерии “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Гурӯҳи 24”, “Давлати исломии Ироқу Шом”, “Ҳизби экстремистӣ террористии наҳзати исломӣ”, “Ихвон – ул- муслимин”. Омили асосии ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаолияти террористӣ, шомилшавии ҷаонон ба ҳизбҳои ғайрирасмӣ ин ба роҳ мондани ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони шаҳру деҳот аст.   Давлат муҳофизат ва амниятӣ шахсонеро, ки дар мубориза бар зиддӣ терроризм кӯмак мерасонанд кафолат медиҳад.   Инчунин шахсоне, ки ихтиёран аз ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд, агар дар кирдорашон таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошанд. Барои пешгирии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ бояд омилҳои бавуҷудоии ин амалҳои нопок ва ноҷавонмардона мавриди омӯзиш қарор ёбанд. Самти хеле муҳим дар пешгирии экстремизм ва терроризм истифодаи нерӯи иттиҳодияҳои динӣ ва ноил шудан ба фаъолнокии мавқеъи ходимони дин ва намозгузорон дар ин самт ва пок нигоҳ доштани сафи пайравони Имоми Аъзам аст. Омилҳои дигар ба мисли пешгирии фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳо, таъмини фаъолияти босамари бахши ҷавонон,  кор бо занон, кор бо дин, шӯъбаи иҷтимоиёту фарҳанг ва монанди инҳоро албатта ба канор гузоштан нашояд. Ба ақидаи яке аз олимони машҳури ислом Муҳаммад Тоҳир- ал- Қадрӣ террористон қаҳрамонони оташи дӯзах буда, роҳи охирати онҳо дӯзах аст. Терроризм ва экстремизми динӣ алббата сарҳад, миллат ва дину диёнат надорад. Дар ҳар минтақа бо шаклу услуби ба худаш хос зуҳур меёбад. Мухолифатҳои маҳаллӣ, хусусиятҳои этникиву мазҳабӣ заминаҳои ғизодиҳандаи экстремизм ва терроризм мебошанд. Дар идомаи омӯзиш ҷавонон ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, оиди дарёфти роҳу услубҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баҳсу мунозира доир намуданд.    Тарғиботчиёни ҷавон ба нақша гирифтанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳудуди истиқоматиашон атрофи масоили пешгирии хатарҳои ифротӣ бо ҷавонон сӯҳбату мулоқотҳо доир намуда, саҳми хешро барои баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон гузоранд. Ба андешаи онҳо набояд ҷавонони Исфара фирефтаи ғояҳои бебунёд, дурӯғин ва дасисаҳои хоинони миллат гарданд. Онҳо бояд баҳри ободии Ватан, истиқболи сазовори ҷашни 30 солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандатар гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>