Зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем

7a2faf6682afe4e140f7674dbb5q--suveniry-i-podarki-imennoj-nabor-kozhanyj-ezhednevnik-i-ruchk

АНДЕША. Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб низ орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод будааст ва инсони солимақл аз бархӯрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад, ки ба пешрафти ҷомеа ва рушди инсони комил созгор аст. Имрӯз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот , ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳои ин нооромиҳо афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кӯшиш ба ғасби ҳокимият мебошад. Моҳияти масъала дар он аст, ки баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳоти нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мо аст, ки барои озодии дину имон шароит фароҳам овард. Бо заҳмату талош ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд. Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерӯмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Маҷидова Гулрӯ

омӯзгори кафедраи забон ва

адабиёти тоҷики Коллеҷи

омӯзгории ш. Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>