Арсаи сулҳу осоиштагӣ

SKU223644(1)

АНДЕША. Аҳди мо аҳди тантанаи ақли солиму нерӯи созанда муаррифӣ мешавад. Бо ин ҳама боиси таасуф аст,  ки дар ҷаҳони мо, дар муҳити тамаддунгарои мо пайваста рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор, зиндагиамонро талх  мекунад. Алалхусус, чунин кирдорҳову равандҳои ношоиста ваандӯҳвор, имрӯзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб оварда. Мушкилоти асосии таасуфангези замони мо амали пурхушунати терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, харидуфурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмӯъ оромиву субот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд. Чун ҷараёни ҷаҳонишавӣ босуръат идома дораду марзаҳои давлатӣ на ҳамеша ба хавфу таҳдидҳои ғайримаъмулӣ монеъ шуда метавонанд. Терроризм торафт доман паҳн карда, мардуми ҷаҳонро ба ташвиш меоварад.Ҳаводиси даҳшатбор ва ҷангу задухӯрдҳои бардавом дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ, кирдорҳои ҷаҳолатбунёди ДИИШ мисоли рӯшани ин гуфтаҳоянд. Тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизаи фаъоли арсаи сулҳу осоиштагӣ шинохтаву эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамоянд. Пешвои муаззами тоҷикон аз ин хусус, аз ҷумла чунин таъкид бинмудаанд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб , чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар , аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст” Феълан имрӯз , мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба ифротгароён овардаанд ва гоҳо бо ҷараёнҳои тундрави экстремистию террористӣ гаравидаанду ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки дар ҷомеаи мо масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас ҳанӯз аз костагоҳо орӣ нест, тақвиятталаб мебошад.

                                                                               Гулбаҳор  Ҳудойбердиева

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>