Мулоқот бо ҳизбиён

IMG_20180926_154243

ИСФАРА. Мулоқоти навбатии кормандони маъсули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби пешсаф дар деҳоти Хонобод хотирмон ва таъсирбахш буд. Доир ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, ки бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 11-15-уми сентябри соли равон баргузор гардида буд, мутахассиси пешбари бахши иттилоот ва таблиғот Сабурхон Амонуллоев суханронӣ намуд. Аз дастовардҳои беназири Истиқлолият ва баланд гардидани мавқеъи занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева маърӯза пешниҳод намуд. Мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Оятулло Амонуллоев оид ба шарту шароит дар қисмҳои ҳарбӣ маълумот дода, даъват ба амал овард, ки ҷавонони деҳот саҳми арзандаи худро ба иқтидори мудофиавии кишвар гузоранд. Дар фарҷоми мулоқот роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара И.Мақсудов ба маъсулини кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар деҳоти Хонобод, ҷиҳати ҷонок намудани корҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби сокинони деҳот ба корҳои ободониву созандагӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>